Ташдиди ихтилофи бозаргонони тоҷик бо мудирияти бозори бузурги Бишкек
Иқдоми бозаргонони тоҷикистонӣ дар хариди мустақим ва бидуни воситаи либосҳои духти Қирғизистон аз корхонаҳои кӯчак, муҷиби бурӯзи ихтилофи шадид миёни мудирияти бузургтарин бозори яклухтфурӯшии Бишкек бо тоҷикҳо ва дӯзандагон шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, пештар бозаргонони тоҷик бо хариди либосҳои духти Қирғизистон аз бозори Дордой,ин маҳсулотро ки ба далели сифати боло дар Русия харидори зиёде дошт бо истифода аз имтиёзоти гумрукии кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ба Маскав мунтақил мекарданд.
Аммо ахиран бозаргонони тоҷик ин маҳсулотро аз корхонаҳои дӯзандагии Қирғизистон мехаранд, ки муҷиби норизоятии мудирияти бозори Дордой шуда; то онҷо ки дӯзандагони қирғиз ва тоҷирони тоҷикро ба фирори молиётӣ ва зарба задан ба манофеъи иқтисодии ин маркази тиҷории яклухтфурӯшӣ муттаҳам кардааст .
Ин дар ҳоле аст, ки масъулони корхонаҳои духти либос дар Қирғизистон муътақиданд, ки бо ҳазфи даллолони бозори Дордой фуруши мустақими маҳсулот ба бозаргонони тоҷик барои онон сӯдовартар аст .
Бо ташдиди ихтилофи тарафҳо чанде пеш полиси Бишкек шуморе аз бозаргонони тоҷикро боздошт карда буд, ки пас аз мудохилаи сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон озод шуданд .
Бештар бихонед :
- Ақибнишинии Амрико аз эъмоли таърифа бар колоҳои чинӣ
- Алоқаи мақомоти тоҷик барои дастрасӣ ба бозори Ҳиндустон