Июл 11, 2021 13:42 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи давлати Афғонистон аз иқдоми Исмоилхон барои эҷоди ҷабҳаи мардумӣ алайҳи Толибон
    Истиқболи давлати Афғонистон аз иқдоми Исмоилхон барои эҷоди ҷабҳаи мардумӣ алайҳи Толибон

Давлати Афғонистон аз иқдоми Исмоилхон аз фармондеҳони Аршади ҷиҳодӣ барои эҷоди ҷабҳаи муқовимати мардум алайҳи Толибон дар вилояти Ҳирот истиқбол кард.

Муовини дувуми раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз тамоми нерӯҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ хостааст,  ки ин ҳаракатро улгу қарор диҳанд ва дар муқобили ҳамалоти Толибон истанд.

Дар рӯзҳои ахир ва дар пайи ташдиди ҳамалоти Толибон, Исмоилхони яке аз раҳбарони ҷиҳодӣ дар Ҳирот раҳбарииҶабҳаи муқовимат  мардумӣ алайҳи Толибонро бар ӯҳда гирифтааст.

Сарвар Дониш муовини дувуми раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар Фейсбуккаш навишт: Ҳаракати васеъи мардумӣ дар саросари ин кишвар дар ҳимоят аз нерӯҳои амниятӣ ва барои муқобила бо ҷангталабии Толибон шакл гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳафтаҳои ахир ба дунболи афзоиши ҳамалоти Толибон бар манотиқе аз Афғонистон, садҳо тан аз нерӯҳои хезиши мардумӣ бо ҳимояти фармондиҳони маҳаллӣ ва шахсиятҳои сиёсӣ барои муқобила бо Толибони мусаллаҳ шуданд.

Истиқболи давлати Афғонистон аз иқдоми Исмоилхон аз раҳбарони собиқи ҷиҳодӣ барои ташкили Ҷабҳаи муқовимати мардумӣ дар Ҳирот барои муқобила бо гурӯҳи Толибон, ҳокӣ аз вуқуфи мақомоти ин кишвар аз нақши мушорикати мардум барои мубориза боноамниҳост.

Бо тавваҷҷӯҳ ба маҳдудиятҳои давлати Афғонистон дар хусуси афзоиши шумори нерӯҳои мусаллаҳ ва ҳамчунин мушкилоти таъмини буҷет, мушорикати мардуми ин кишвар дар набард алайҳи Толибон зарфияте бебадил дар кумак ба тавоноиҳои артиши Афғонистон барои мубориза бо ифротгароист.

Албатта торихи Афғонистон низ нишон додааст мушорикат ва ҳузури мардум дар кумак ба ҳалли буҳронҳо дар ин кишвар  нақши таъинкунанда доштааст, ки хуруҷи артиши сурхи Шуравӣ дар соли 1989 ва пас аз ҳудуди як даҳаи ишғоли Афғонистон, аз ҷумла натоиҷи хезиши мардум  алайҳи мудохилаи хориҷӣ ва ишғолгари будааст.

 

"Солеҳ  Муҳаммади Регистонӣ " коршиноси сиёсӣ дар Афғонистон мегӯяд; хезиши мардумӣ алайҳи гурӯҳи Толибони муассиртарин иқдомест, ки барои муқобила бо ноамниҳо дар Афғонистон шакл гирифтааст, ки ин хезишҳо комилан мардумӣ аст. Агар ин хезишҳо дар вилоёти мавриди нуфузи Толибон  умумият пайдо кунад дар решакан сохтани ин гурӯҳ  бисёр муассир аст.

 

Аз назари мардуми Афғонистон ҳар гурӯҳ ё кишваре, ки бар табли идомаи ҷангу хушунат бо тарҳи ҳар баҳонае дар ин кишвар бикӯбад ,  дар муқобила бо манофеъ ва амнияти миллии Афғонистон қарор мегирад ва ба ҳамин ҷиҳат дар байни афкори умумӣ мавриди нафрат воқеъ хоҳад шуд.

Бино ба ҳамин мулоҳизааст,ки ба рағми талоши Толибон барои нишон додани чеҳраи зидди ишғолгарӣ дар Фаластин, аммо мардуми ин кишвар чунин иддаоеро напазируфта ва онро сиёсати таблиғотӣ барои тавҷеҳи хушунатҳои ин гурӯҳ медонанд .

Хушунатҳои физояндаи моҳҳои ахири Толибон ва сиёсати ин гурӯҳ барои тасарруфи шаҳр ба шаҳр, беш аз гузашта Толибонро ҷараёни тамомиятхоҳ ва хушунатталаб дар зеҳни мардуми Афғонистон ҳак кардааст.

Бе таваҷҷӯҳи Толибон ба хости миллати Афғонистон барои таваққуфи фаврии ҷанг ва ноамнӣ дар ҳолест, ки ин гурӯҳ дар тавофуқи сулҳ бо Амрико мутааҳҳид шуда буд, ки хушунатҳоро дар он кишвар коҳиш диҳад.

Толибон на танҳо хушунатро дар Афғонистон коҳиш надода, балки бо густариши доманаи ҷанг ба рағми падидории нишонаҳое аз хуруҷи низомиёни хориҷӣ аз ин кишвар, ҳамчунон дар садади тасарруфи манотиқи бештаре аз ин кишвар аст. Чунончи қиёми мардумии густарда дар Афғонистон зидди Толибон шакл бигирад, қатъан ин гурӯҳ бо чолише мувоҷеҳ мешавад, ки дар ду даҳаи ахир онро таҷриба накардааст. 

Бештар бихонед :

Барчасп