Июл 24, 2021 18:10 Asia/Dushanbe
  • Дархости Қазоқистон аз мақомоти Тоҷикистон барои кумак ба рафъи мушкили камбуди об

Мақомоти Қазоқистон аз Тоҷикистон хостанд то барои рафъи мушкили камбуди об ба ин кишвар кумак кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Аскар Мамин, нахуствазири Қазоқистон зимни тамоси телефонӣ бо Қоҳир Расулзода, ҳамтои тоҷики худ дар хусӯси мавзуоти мухталифи равобити дуҷониба баҳсу табодули назар кард.

Бо тавваҷуҳ ба хушксолии шадид дар минтақа бавижа дар Қазоқистон, тарафи қазоқӣ хостори афзоиши мизони интиқоли об аз Тоҷикистон ба кишвараш шуд.

Тарафи Тоҷикистон низ бо тавваҷуҳ ба асли ҳамёрӣ, дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ тасмим гирифт, илова бар мизони тавофуқ шуда дар тафоҳумнома байни Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон муаррихи 16 июни 2021 аз махзани оби «Баҳри Тоҷик» ба таври изофӣ 50 метр мукааб/об дар сония дар ихтиёри Қазоқистон қарор диҳад.

Нахуствазирони ду кишвар ҳамчунин дар мавриди вазъияти ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, санъатӣ, кишоварзӣ, обу энержӣ, ҳамлу нақл ва транзит низ гуфтугӯ карданд.

 

Барчасп