Такзиби хурӯҷи фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд аз Афғонистон
Август 17, 2021 16:21 Asia/Dushanbe
Аҳмад Масъуд шахсан овозаи хурӯҷи худ аз Афғонистонро такзиб кард.
Ба гузориши ИСНА, Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии мардуми Афғонистон, бо интишори видеое зимни радд овозаҳои матраҳ шуда дар хусӯси хурӯҷи худ аз кишвар таъкид кард, ҳамчунон дар Панҷшер ва дар канори мардум аст.
- Аҳмад Масъуд дар хусӯси овозаҳои ахир дар бораи худу хонаводааш гуфт, муттаассифона Фейсбук ҳамонқадар, ки муфид аст, метавонад мухарриб бошад.
Бар асоси ахбори мунташир шуда, Аҳмад Масъуд ба ҳамроҳи тане аз шахсиятҳо, ба василаи як болгарди низомӣ вилояти Панҷшер дар шимоли Кобулро тарк кардааст.
Тлибон дар муддати кӯтоҳ кантроли вилоёти Афғонистон ва дар ниҳоят Кобул, пойтахти ин кишварро дар даст гирифт. Ҳамакнӯн Панҷшер танҳо вилоят дар Афғонистон аст, ки ба тасарруфи гурӯҳи Толибон дар наомадааст.
Бештар бихонед:
- Ёдбуди Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд дар Тоҷикистон
- Доктор Абдуллоҳ ва Аҳмад Масъуд аз Ҳоҷ Қосим мегӯянд
Барчасп