Бар асари таркиш дар фурудгоҳи Кобули Афғонистон чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд
(last modified 2021-08-26T16:43:20+00:00 )
Август 26, 2021 21:43 Asia/Dushanbe
  • Бар асари таркиш дар фурудгоҳи Кобули Афғонистон чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд

Дар таркишҳо дар фурудгоҳи Кобул чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон бо истинод ба як манбаи хабари Осиёи Марказӣ, дар миёни кушташудагон чанд кӯдак низ будааст.

 Ин инфиҷорҳо дар фурудгоҳ бетартибии бештар эҷод карданд, ки ҳоло ҳазорон нафар мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд.

Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Пентагон дар Твиттераш навишт: "Таркиш дар наздикии фурудгоҳ рух дод ва теъдоде аз ғайринизомиён кушта шуданд."

Вай дастикам як таркиши дигарро дар наздикии фурудгоҳи Кобул тасдиқ кард.

Сухангӯи Толибон ҳамчунин ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки дар ин таркишҳо дастикам 13 нафар, аз ҷумла кӯдакон кушта шудаанд.

Телевизиони Ал -Ҷазира ҳамчунин бо такя ба манобеи хабарии амниятӣ хабар дод, ки дастикам 11 нафар кушта ё захмӣ шудаанд.

CNN инчунин бо такя ба як манбаи Пентагон навишт, ки дар ин ҳамлаҳо дастикам се сарбози амрикоӣ захмӣ шудаанд.

Таркиш дар фурудгоҳи Кобул рух дод.

Кохи Сафед гуфт, ки президент Ҷо Байден аз инфиҷор огоҳ карда шудааст ва бо мақомоти амниятӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард.

Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти таркишҳоро бар дӯш нагирифтааст

Барчасп