Тарҳи режими саҳюнистӣ барои сохти 10 ҳазор воҳиди шаҳракӣ дар Қудси ишғолӣ
(last modified Wed, 06 Oct 2021 06:42:30 GMT )
Октябр 06, 2021 11:42 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи режими саҳюнистӣ барои сохти 10 ҳазор воҳиди шаҳракӣ дар Қудси ишғолӣ

Режими саҳюнистӣ бо тавсеъаи шаҳраксозӣ дар ҳоли сохти 10 ҳазор воҳиди маскунӣ дар минтақаи Қаландиё, дар шарқи Қудси ишғолӣ аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз пойгоҳи интерентии хабаргузории Анатолия, Халил Тафакчӣ-мудири бахши нақша дар Анҷумани мутолиъоти арабӣ эълом кард: Режими режими саҳюнистӣ ба дунболи эҷоди шаҳраки саҳюнистӣ комилан ҷадид аст, ки аксари бахшҳои он дар замини фурудгоҳи Қудс ё маҳалле ки ба он фурудгоҳи Қаландиё мегӯянд воқеъ шудаанд . Тафакчӣ таъкид кард: Фурудгоҳу заминҳои он дар замине ба масоҳати 1200 дунам ( ҳар як дунам нуҳсад метр мураббаъ аст ) қарор дорад ки тарҳи шаҳраки ҷадид дар замине ба вусъати 900 дунам иҷро хоҳад шуд . Дар ҳамин ҳол созмони саҳюнистии " Сулҳ акнун " дар гузорише эълом кард: Мақомоти режими саҳюнистӣ бештарин масоҳати ин қаламравро ба унвони замини давлатӣ дар назар гирифтанд ва ин ба Исроил иҷоза медиҳад, то шаҳракро бидуни мусодираи замин аз моликони фаластинӣ он бисозад .
Созмони Сулҳ акнун фош кард: Ҳадаф аз сохти ин шаҳрак эҷоди шикоф миёни манотиқи фаластинӣ ва табдили арозӣ ба як минтақаи исроилӣ аст, ки монеъи тавсеъаи Фаластин дар муҳимтарин минтақаи марказии давлати ояндаи Фаластин, яъне Қудсомуллоҳ ва Байтлаҳм мешавад.

Дар ҳамин ҳол  Тафакчӣ таъкид кард: Яке аз аҳдофи Исроил аз иҷрои ин тарҳ дар фурудгоҳи қудс ба ин хотир аст, ки ҳар фурсатеро барои эҷоди кишвари мустақили фаластинӣ ба пойтахтии Қудс аз байн бибарад .

Режими саҳюнистӣ бо сохти шаҳракҳои саҳюнистнишин дар паи тағйири сохтори ҷуғрофиёи манотиқи фаластинӣ ва чеҳраи саҳюнистӣ додан ба ин манотиқ аст, то султаҷӯиҳояшро дар манотиқи фаластинӣ тасбит кунад.

 

Барчасп