Январ 18, 2022 20:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия ба Британя ва Амрико дар бораи таҳвили таслиҳоти ҷадид ба Украина

Сухангӯи раёсати Ҷумҳурии Русия ба Британия ва Амрико дар бораи таҳвили таслиҳоти ҷадид ба Украина ҳушдор дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Дмитрий Песков сухангӯи раёсати Ҷумҳурии Русия рӯзи сешанбе зимни ҳушдор ба мақомоти Британия ва Амрико дар бораи таҳвили таслиҳоти ҷадид аз ҷумла сомонаи дифоъии мушакӣ ба Украина эълом кард, чунин иқдомоте ба шиддат хатарнок аст ва танҳо ба афзоиши танишҳо дар минтақа мунҷар хоҳад шуд.

Ин изҳороти Дмитрий Песков пас аз он матраҳ шуд, ки иддае аз намояндагони ду ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳи Амрико рӯзи душанбе иддао карданд, ин кишвар мумкин аст дар остонаи ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина мушакҳои зиддитанк, мушакҳои зиддиҳавоӣ, силоҳои сабук ва қойқ ба ин кишвар бифиристад.

Танишҳо байни Украина ва Русия ба шиддат афзоиш ёфт; ба тавре, ки Киев, Маскавро ба истиқрори нерӯ дар марзаш ба манзури таҳоҷуми эҳтимолӣ мутаҳам карда аст.

Кремл низ эълом карда аст, Русия неруҳои низомии худро ба хотири афзоиши танишҳо ва иқдомоти НАТО дар наздикии марзҳои Украина нигаҳ хоҳад дошт.  

 

Барчасп