Эътирози шаҳрвандони Кобул ба тасмими Амрико: Байден, душманӣ бо мардуми Афғонистонро бас кун
(last modified Wed, 16 Feb 2022 05:51:46 GMT )
Феврал 16, 2022 10:51 Asia/Dushanbe
  • Эътирози шаҳрвандони Кобул ба тасмими Амрико: Байден, душманӣ бо мардуми Афғонистонро бас кун

Теъдоде аз сокинони шаҳри Кобул дар эътироз ба тасмими раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи захоири арзии Афғонистон эътироз карданд.

Онон мегӯянд, ки набояд аз пули Афғонистон ба қурбониёни ҳамалоти ёздаҳуми сентябр ғаромат пардохт шавад.

Муътаризон шиор доданд, ки ҳамалоти 11 сентябри 2001 рабте ба мардуми Афғонистон надорад.

Амрико ахиран аз ҳафт миллиард доллар захоири Бонки марказии Афғонистон, ки дар он кишвар нигаҳдорӣ мешуд ва пас аз тасаллути Толибон масдуд шуд, 3. 5 миллиарди онро ба унвони ғаромат барои қурбониёни ҳодисаи 11-уми сентябр ихтисос додааст.

Ҳамчунин тибқи ин тасмими Амрико, ниме дигар аз захоири бонки марказӣ ба унвони кумак ба мардуми Афғонистон ба як сандуқи амонатӣ интиқол дода шуд.

Ин тасмим вокунишҳои манфии густардаеро дар пай доштааст.

 

Барчасп