Азми Туркманистон барои анҷоми таҳавуллоти иҷтимоъӣ-иқтисодӣ дар уфуқи 30 сола
(last modified Wed, 23 Feb 2022 08:43:21 GMT )
Феврал 23, 2022 13:43 Asia/Dushanbe
  • Азми Туркманистон барои анҷоми таҳавуллоти иҷтимоъӣ-иқтисодӣ дар уфуқи 30 сола

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ гуфт: Дар парлумони Туркманистон, барономаи 30 солаи навсозии пойгоҳҳои иҷтимоъӣ ва бахшҳои иқтисодӣ тасвиб шуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Водимшоҳ Аҳмадов дар мавриди тасвиби барномаи миллии тавсеаи иҷтимоъӣ ва иқтисодии Туркманистон дар солҳои 2022-2052 гуфт: Дар барномаи тавсеаи 30 солаи тасвибшуда дар Парлумон, навсозии пойгоҳи иҷтимоъӣ ва ҳамаи бахшҳои иқтисодӣ пешбинӣ шуда аст.

  • Вай хотирнишон кард: Ин пешбинӣ дар ҷиҳати навсозии тамоми бахшҳои иқтисоди милли дар давраи 30 сола аст.
  • Шоҳ Аҳмад афзуд: Дар бахши иқтисодӣ, ин барнома аҳдофи тавсеаи пойдорро дунбол мекунад, ки барои тазмини истиқлоли иқтисодӣ ва беҳбуди рифоҳи ҷамъиятӣ тарроҳӣ шуда аст.
  • Ин коршинос таъкид кард: Зерсохтҳо сутуни муқобила бо чолишҳои дунёи замонавӣ дар оянда ҳастанд ва дар ин бахш ташвиқ ба навовариҳои ҷасурона ва муассир оғоз шуда аст.
  • Вай гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба дигар авлавиятҳои банома, тарҳҳои тиҷорӣ бо ҳадафи ҷазби сармоягузорони бузурги хориҷӣ ва истифодаи амалӣ аз сармоя мутамаркиз шуда аст.
  • Водимшоҳ Аҳмад ёдовар шуд: Пешниҳодот дар мавриди ҷодаи абрешими ҷадид низ марбут ба ташкили хатҳои ҳамлу нақл ва транзити роҳат ва эмине чи аз тариқи дарё, чи аз тариқи ҷода ва чи аз тариқи роҳи оҳан аст.