Абдусалом Ҳанафӣ: Занон ба таври ғайри мустақим дар маҷлиси (Луиҷерга) ҳузур доранд
(last modified 2022-06-30T11:05:27+00:00 )
Июн 30, 2022 16:05 Asia/Dushanbe
  • Абдусалом Ҳанафӣ: Занон ба таври ғайри мустақим дар маҷлиси (Луиҷерга) ҳузур доранд
    Абдусалом Ҳанафӣ: Занон ба таври ғайри мустақим дар маҷлиси (Луиҷерга) ҳузур доранд

Муъовини нахуствазири ҳукумати Толибон раванди баргузории маҷлиси Афғонистонро шарҳ дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдусалом Ҳанафӣ, дар бораи шаклгирии ин нишаст гуфт ин гирдиҳамоӣ ба дархости пай дар пайи олимон ва ришсафедони қавми буда аст ва мо фақат заминасози кардем то онҳо ба инҷо биёянд ва бо якдигар биншинанд ва метавонанд дар мавриди масоили мухталиф монанди низоми исломӣ, истиқлоли Афғонистон, ваҳдати миллӣ ва чигунагии рушди масоили иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ ва дигар масоил бо ҳам баҳс кунанд.

Вай дар бораи ин ки оё барои ширкаткунандагон шарти хоси пешбини шуда аст ё не гуфт: Ки мо шартҳои хосро барои ширкаткунандагон мушахас накардем ва мумкин аст ҷавонон низ дар ин гидиҳамоӣ ҳузур дошта бошанд.

Мавлавти Ҳанафӣ дар посух ба савол дар бораи ҳузури занон дар ин гирдиҳамоӣ гуфт: Олимон фарзандони занон ҳастан бин бар ин занон низ ба наҳве дар ин нишаст ҳузур доранд.

Нишасти маҷлисе, ки ба унвони гирдиҳамоӣ бузурги олимони Афғонистон дар Кобул баргузор хоҳад шуд шоҳиди ҳузури 3000 нафар аз олимои 34 вилояти ин кишвар хоҳад буд.

 

Барчасп