Сентябр 06, 2022 16:56 Asia/Dushanbe
  • Воми 52 миллион долларии Бонки Рушди Осиё ба Узбекистон барои сохти неругоҳи бодӣ

Банки Рушди Осиё ва ширкати хориҷии «шимоли Зарфишонэнержӣ» барои таъмини молии нахустин неругоҳи бодӣ дар Узбекистон қарордоди воми 52 миллион долларӣ имзо карданд.

Банки Рушди Осиё ва ширкати ёд шуда, ки ширкати фаръии ширкати саҳҳомии бози «Abu Dhabi Future Energy Company» (Masdar) аст, барои таъмини молии нахустин неругоҳи бодӣ дар Узбекистон,бузургтарин неругоҳ дар ҳоли ҳозир дар Осиёи Маркаӣ як қарордоди вом ба арзиши 52 миллион доллар имзо карданд.

Намояндагии Банки Рушди Осиё дар Тошканд эълом кард, ин неругоҳ бо зарфияти 500 мегаватт дар шарқи шаҳри Зарафшон, дар вилояти Навойии Узбекистон қарор хоҳад гирифт. Ин неругоҳ барои таъмини барқи манотиқи шаҳр ва рустоҳо, дастёбӣ ба аҳдофи тағйири иқлим ва афзоиши муқовимат ба паёмадҳои тағйири иқлим кумак мекунад. Ин таъсисот шомили 111 турбини бодӣ бо зарфияти 4.5 мегаватт ҳар кадом хоҳад буд.

Ин тарҳ бо мушорикати Банки Рушди ва бозсозии Аврупо, Бонки Аввали Абузабӣ, ширкати молии байналмилалӣ, Ожонси ҳамкории байналмилалии Ҷопон ва «Natixis» таъмини молӣ мешавад.

Банки Рушди Осиё соли 1966 барои ҳимоят аз тавсеаи иқтисодӣ, ҳамгароии минтақаӣва рушди пойдор дар Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором дар Филиппин таъсис шудааст.

 

Барчасп