Сентябр 15, 2022 17:55 Asia/Dushanbe
  • Сайид Иброҳими Раисӣ дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон: Равобит бо Осиёи Миёна дар авлавиятиҳои аввали сиёсати хориҷии Эрон аст
    Сайид Иброҳими Раисӣ дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон: Равобит бо Осиёи Миёна дар авлавиятиҳои аввали сиёсати хориҷии Эрон аст

Раиси Ҷумҳурии Исломи Эрон рушди равобит бо кишварҳои Осиёи Миёна ба хусус Тоҷикистонро ҷузи авлавиятҳои аввали сиёсати хорҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ рӯзи панҷшанбе дар идомаи барномаҳои рӯзи дувуми сафари худ ба Узбакистон дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид бар ин ки рушди равобит бо кишварҳои ҳавзаи Осиёи Миёна ба хусус Тоҷикисон ҷузи авлавиятҳои аввали сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст гуфт: Иштирокоти биёср миёни мардуми ин минтақа дар ҳавзаҳои фарҳангӣ ва тамадуни вуҷуд дорад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар истимрори сиёсати рушди равобит бо кишварҳои ҳамсоя аз сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор дошт: Зарфиятҳои бисёр барои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ миёни Теҳрон ва Душанбе вуҷуд дорад.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ибрози хурсанди аз пешрафти равобити ду кишвар махсусан дар ҳавзаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ бар азми кишвараш барои идомаи ин раванд таъкид кард.

Раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бар бахши диг ари аз ин дидор дар мавриди масоили минтақӣ, амниятӣ ва мушкилоти мардуми Афғонистон ройзани ва гуфтугғ карданд.