Истиқболи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи аз имзои тафоҳумномаи сулҳ байни мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон
(last modified Wed, 28 Sep 2022 13:20:38 GMT )
Сентябр 28, 2022 18:20 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи аз имзои тафоҳумномаи сулҳ байни мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон
    Истиқболи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи аз имзои тафоҳумномаи сулҳ байни мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи аз имзои тафоҳумномаи сулҳ байни мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс дар баёнияе, ки дар сомонаи расимии ин созмон мунташир шуд омада аст: Дабирхонаи СПАД аз имзои протокол дар заминаи тасбити вазъият дар минтақаҳои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон тавассути раисони ниҳодҳои марбутаи ду кишвар истиқбол мекунад.

Хотирнишон шуд, ки ин санад ба манзури пешгири аз иқдомоти таҳрикомез, даргириҳо ва ҳамчунин тазмини сулҳу субот дар минтақаҳои марзӣ ба имзо расида аст.

Дабирхонаи СПАД дар бахши дигар тавофуқи тарафайн барои тасреъи кор бо ҳадафи такмили таъини тарҳи хати гузари марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бахшҳои боқимондаро мусбат арзёби кард таъкид шуд, ки тавофуқи ҳосилшудаи тарафайн мабни бар адами эҷоди постҳои марзи дар наздикии бахши марзие, ки дар он даргириҳои мусалаҳона байни низомиёни ду кишвар рух дода аст таъсири мусбат бар тасбири вазъият дар марз хоҳад дошт.

Бин бар баёнияи СПАД ҳаргуна талош барои истифода аз зур барои ҳалли масоили мавриди муноқиша ғайри қобули қабул аст ҳамаи ихтилофоти марзи бояд ба таври истиснои аз тариқи абзорҳои сиёсӣ ва дипломатик ҳал шавад.

Созмони мазкур дар поён ибрози умедвори кард, ки протоколи имзошуда ба таври комил иҷроӣ ва сулҳу дарки мутақобил дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон барқарор шавад.

 

Барчасп