Сафари ҳайати Узбекистон ба Бишкек барои азсаргирии тарҳи роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Узбекистон
(last modified Tue, 24 Jan 2023 08:44:16 GMT )
Январ 24, 2023 13:44 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайати Узбекистон ба Бишкек барои азсаргирии тарҳи роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Узбекистон

Намояндагони ширкати миллии Роҳи оҳани Узбекистон ба манзури ифтитоҳи дафтари тарҳи муштараки сохти хати роҳи оҳани Чин, Қирғизистон ва Узбекистон вориди Бишкек-пойтахти Қирғизистон шуданд

Хати оҳани Чин - Қирғизистон - Узбекистон як масири тӯлонӣ ва пурмашаққате аст, ки бо тавваҷуҳ ба обу ҳавои хушки Осиёи Марказӣ, ин масири иртиботӣ дар дарозмуддат короии чандоне нахоҳад дошт . Ин дар ҳоле аст, ки масири иртиботии Ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ ба Эрон ва ҳамчунин масири Шимол - Ҷануб дорои короӣ ва тавҷеҳи иқтисодии маъқуле аст ва кишварҳои Осиёи марказӣ, Қафқоз ва Русия метавонанд бо баҳрагирӣ аз ин масири арзон ва бо сарфаи иқтисодӣ дастрасии худро ба ҷануб ва ҷанубу шарқи Осиё ва баракс осон кунанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин сафар ба манзури ҳамоҳангии байни се кишвари Чин - Қирғизистон - Узбекистон барои тарҳи хати оҳани Шарқ ба Ғарб сурат гирифтааст . Масире ки кишварҳои минтақаи Авруосиёро ба якдигар пайваст мекунад .
Далоили аслии азсаргирии ин тарҳ ниёз ба эҷоди иттисол дар Авруосиё, беҳбуди густардаи равобити диплумотики байни Узбекистону Қирғизистон, оғози анҷоми таъаҳҳудот аз сӯи Бишкек ва фишори мусаммами давлатҳои минтақа барои таҳияи буҷету эъзоми коршиносон барои такмили тарҳ аст .
Ҳамчунин буҳрони Украину ихтилол дар занҷираи таъмин аз тариқи Русия ба ин тарҳ суръати бештаре бахшидааст .
Чин - Қирғизистон - Узбекистон ба таври муштарак дар бисту дуюмин иҷлоси Созмони ҳамкории Шанхай дар Узбекистон дар моҳи сентябри гузашта ба таври хос барои пешбурди ин тарҳ тавофуқномаи ҳамкории сеҷонибаро имзо карданд .
Илова бар ин " Баёнияи Самарқанд "- Шӯрои сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба сароҳат лузӯми иттисоли иқтисодии Авруосиёро таъид кард .
Роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Узбекистон ( CKU ) дар авосити даҳаи 1990 тарроҳӣ шуд . Ин масир ҳудуди 523 километр тӯл дорад, ки 213 километри он дар Чин, 260 километр дар Қирғизистон ва 50 километр дар Узбекистон аст .
Бахши Қирғизистон ки то ҳади зиёде печидатарини бахши тарҳ аст, шомили ҳудуди 90 тунел ва фарозу фурӯдҳои шебдори кӯҳистонӣ, аз ҷумла бар фарози гузаргоҳи Торогорт ( 3750 метр ) хоҳад буд . Пас аз такмил ин роҳи оҳан поёнаи роҳи оҳани Кошғар дар Чин ба шабакаи рейлии Узбекистон дар Андиҷон пайваст мекунад .

 

Барчасп