Январ 26, 2023 12:18 Asia/Dushanbe
  • Имзои барномаи муштарак дар сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон

Вузарои умури хориҷаи Тоҷикистону Қазоқистон барномаи рӯйдодҳои муштарак ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишварро имзо карданд.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Мухтор Тилауберди, вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар дидор бо якдигар дар ҳошияи нишасти Шурои вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар Тошканд, пойтахти Узбакистон, бо имзои барномаи рӯйдодҳои муштарак ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишвар, бар баргузории рӯйдодҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф дар тӯли соли 2023 мелодӣ таъкид карданд.

Дар ин дидор тарафайн масоили муҳими равобити дуҷонибаро баррасӣ ва дар мавриди ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули назар карданд.

 

Барчасп