Дидори намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Миллал дар умури Афғонистон бо сафирони Осиёи Марказӣ
(last modified 2023-02-01T05:17:32+00:00 )
Феврал 01, 2023 10:17 Asia/Dushanbe
  • Дар ин дидор руасои намояндагиҳои дипламатики Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон ҳузӯр доштанд
    Дар ин дидор руасои намояндагиҳои дипламатики Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон ҳузӯр доштанд

Намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Миллал дар умури Афғонистон бо руасои намояндагиҳои дипламатики кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Кобул дидор кард.

Ба гузориши радиои Тоҷикии Садои Хуросон, намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон бо руасои намояндагиҳои дипламатики кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Кобул дидор кард.

Дар ин дидор руасои намояндагиҳои дипламатики Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон ҳузӯр доштанд.

Тарафайн дар  мавриди вазъияти Афғонистон ва ҳамчунин созмондеҳии ҳамкориҳои минтақаи байни кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтугӯ карданд. Ширкаткунандагон бар аҳамияти таъомули ҳамоҳанг дар кишвари мизбон ба манзури ироаи кумак ба мардуми   Афғонистон ва созмондеҳии иқдомоти ҷамъӣ барои таъмини амнияти минтақа таъкид карданд.

Барчасп