Авлавияти ҳамкории Қазоқистон бо ҷаҳон аз нигоҳи Назарбоев
(last modified Sun, 18 Dec 2016 16:12:42 GMT )
Декабр 18, 2016 21:12 Asia/Dushanbe
  • Авлавияти ҳамкории Қазоқистон бо ҷаҳон аз нигоҳи Назарбоев

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, густариши ҳамкориҳои кишвараш бо Русия, Чин, Амрико ва Иттиҳоди Аврупоро авлавияти сиёсати хориҷии давлати Остона эълом кард.

Нурсултон Назарбоев рӯзи 17 декабр дар маросими бисту панҷумин солгарди истиқлоли Қазоқистон гуфт: Ин кишвар монанди гузашта аз сиёсати фаъол ва ҳамаҷониба ба манзури муқобила бо таҳдидҳои қарни 21 ва мутамарказ бар таъмини манофеи миллии баландмуддати Қазоқистон пайравӣ хоҳад кард. Раисҷумҳури Қазоқистон ҳамчунин бо ишора ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё гуфт: Қазоқистон мубтакири идғоми модели ҷадиди равобити иқтисодӣ аст, ки имрӯз кишварҳои Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия узви он ҳастанд.

Изҳороти раисҷумҳури Қазоқистон дар бораи авлавиятҳои сиёсати хориҷии давлати Остона нишон медиҳад, ки ин кишвар дар масире гом бармедорад, ки пеш аз ин бархе кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ин масирро паймудаанд. Воқеият он аст, ки Қазоқистон ба лиҳози бархурдорӣ аз имконоти фазоӣ ва ҳастаӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон дорои мавқеияти нисбии муносибе аст. Бадеҳист, ки ҳамкории давлати Остона бо кишварҳои пешрафтаи санъатӣ метавонад ба иртиқои санъати фазоӣ ва ҳастаии Қазоқистон кумак кунад. Аммо иҷрои тарҳҳое дар ин заминаҳо, ба далели ҳазинабар будан метавонад ба иқтисоди дар ҳоли рушди Қазоқистон латма бизанад. Ин дар ҳолест, ки Қазоқистон дар сатҳи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба унвони як кишвари бархурдор аз тавонмандиҳои иқтисодӣ матраҳ аст ва дар сурати тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ, имкони онро хоҳад дошт, то иқтисоди худро беш аз пеш тақвият кунад ва иртиқо бубахшад. Дар айни ҳол, Қазоқистон бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ҳамсоя аст ва бахши аъзами иртибототи мардуми ин кишвар бо кишварҳои ҳамсоя гиреҳ хурдааст. Бадеҳист, ки иттихози сиёсати гароиш ба қудратҳои ҷаҳонӣ наметавонад посухгуи ниёзҳои давлат ва мардуми ин кишвари ҳавзаи Осиёи Марказӣ бошад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеиятҳо, изҳороти Нурсултон Назарбоев мабнӣ бар густариши робита бо кишварҳои қудратманд дар минтақа ва ҷаҳонро метавон ба навъе такрори мукаррарот ва куллигуии раисҷумҳури Қазоқистон талаққӣ кард. Ин дар ҳолест, ки изҳороти Назарбоев дар бораи густариш ва таъмиқи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро бояд бахши воқеӣ ва ҷиддии суханони раисҷумҳури Қазоқистон донист.

Бо вуҷуди онки Назарбоев шахси худро созандаи Иттиҳоди Авруосиё муаррифӣ кардааст, давлатҳои ғарбӣ Русияро созандаи ин иттиҳод ба манзури таъсиси Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии ҷадид қаламдод мекунанд.

Ногуфта намонад, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз ибтидои моҳи январи соли 2015 фаъолияти худро ба сурати расмӣ оғоз кардааст. Амалиётӣ шудани Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар ваҳлаи нахуст ба эҷоди бозори муштараки бузурге дар ҳавзаи кишварҳои узви ҷомеаи мустақили муштаракулманофеи Ҳамсуд мунҷар шудааст. Ҳадафи аслӣ аз таъсиси ин иттиҳод, тасҳили тиҷорат миёни кишварҳои истиқлолёфта аз Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ эълом шудааст. Қазоқистон ба унвони яке аз панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ матраҳ аст ва бидуни шак, давлати Остона дар сурати ҳамгароӣ бо ҳамсоягони худ метавонад иқтисоди созандатар ва матлубтаре барои мардуми Қазоқистон бисозад.