-
Чароғи сурхи Қирғизистон ба тавофуқномаи марзӣ бо Ӯзбакистон
Сентябр 23, 2017 11:24Тавофуқномаи таъйини марзҳои муштарак байни Ӯзбакистону Қирғизистон дар парлумони Қирғизистон ба тасвиб нарасид.
-
Тавофуқномаи ҳамкории тиҷории Амрико ва Узбакистон
Сентябр 23, 2017 09:35Ширкатҳои тиҷории Амрико ва Узбакистон дар ҳошияи нишасти Созмони Миллал тавофуқномаи ҳамкории тиҷорӣ ба арзиши 2.6 миллиард доллар имзо карданд.
-
Мирзиёев бо ҳавопаймои як миллиардер ба Ню-Йорк сафар кард
Сентябр 21, 2017 15:07Сафари Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ба Ню-Йорк бо ҳавопаймои шахсии як миллиардери Узбакистон ва на ҳавопаймои ҳукуматӣ, сюжети расонаҳои гурӯҳӣ шуд.
-
Қирғизистон барои афзоиши суръати интернет ба Тоҷикистон кӯмак мекунад
Сентябр 20, 2017 05:08Сохти истгоҳи ҷадиди тақвияти суръат ва иртиқои кайфияти хадамоти интернетӣ дар марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон, заминаро барои беҳбуди хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон фароҳам мекунад.
-
Куштори мусалмонони Миёнмор дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ
Сентябр 19, 2017 07:18Як сомонаи таҳлилии русизабон таваҷҷуҳи бесобиқа ва дастаҷамъии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба куштори мусалмонони бедифои кишвари Миёнморро падидае мутафовит тавсиф кардааст.
-
Назарбоев: Таҳаввулоти ҷадиди Узбакистон дарҳои ин кишварро ба рӯйи ҷаҳон боз мекунад
Сентябр 17, 2017 14:13Раисиҷумҳури Қазоқистон дар поёни сафар ба Тошканд, бо истиқбол аз тасмимоти шуҷоонаи давлати ҷадиди Узбакистон, дар ҷиҳати рафъи мавонеи тиҷорӣ, ин иқдомотро дар бозтар шудани фазои ин кишвар дар иртибот бо ҷаҳон муассир донист.
-
Изҳори назари як мақоми рус дар бораи равобити Тоҷикистон ва Ӯзбакистон
Сентябр 17, 2017 05:07Мудири Маркази мутолеоти Осиёи Марказӣ дар пажӯҳишгоҳи Ҷомеаи Ҳамсуд (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) дар Маскав муътақид аст, вуҷуди бархе мушкилот дар равобити Тоҷикистон ва Ӯзбакистон иллати дидор накардани сарони ин ду ҷумҳурӣ аз кишварҳои ҳамдигар аст.
-
Имзои Ёддошти тафоҳуми гардишгарӣ байни Чину Узбакистон
Сентябр 15, 2017 13:23Кумита тавсеаи гардишгарии Узбакистон ва Иттиҳодияи пажуҳиши гардишгарии фарҳангии Сиани Чин дар заминаи ҳамкориҳои гардишгарӣ ёддошти тафоҳум имзо карданд.
-
Дӯрнамои ҳамгароии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ
Сентябр 13, 2017 08:39Коршиносон мӯътақиданд, дар иҷлоси Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Остонаи Қазоқистон, нишонаҳое аз гароиши кишварҳои исломӣ ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо якдигар ба чашм мехӯрад, ки навидбахши рӯзҳои беҳтаре барои ҷаҳони Ислом аст.
-
Латукӯби мудирони макотиби минтақае дар Узбакистон
Сентябр 13, 2017 07:26Наворе дар интернет мунташир шудааст, ки нишон медиҳад, ҳокими яке аз ноҳияҳои Узбакистон мудирони макотибро латукӯб мекунад.