Июн 27, 2023 20:13 Asia/Dushanbe
  • Юриши низомиёни саҳюнист ба Каронаи Бохтари руди Урдун
    Юриши низомиёни саҳюнист ба Каронаи Бохтари руди Урдун

Низомиёни ишғолагри саҳюнист ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтари руди Урдун юриш бурданд.

Низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист ҳар руз ба баҳонаҳои мухталиф мардуми мазлуми Фаластинро шаҳид маҷруҳ ва ё боздошт мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон низомиёни саҳюнист рузи сешанбе бо фаластиниён дар шаҳри Ноблус дар Каронаи Бохтари руди Урдун даргир шуданд, ки дар ин даргириҳо ду ҷавони фаластинӣ маҷруҳ шуданд.

Аз суи дигар артиши режими саҳюнистӣ аз ҳалокати яке аз низомиёни худ дохили як пойгоҳи низоми дар Алнақб дар ҷануби Фаластини ишғоли хабар дод.

Артиши режими саҳюнистӣ муддаи шуд ин сарбози исроилӣ дар ҳоли тамринҳои низомӣ дар дохили ин пойгоҳи низомӣ дар минтақаи Нақб ва бар асари шилики гулула захми шуд.

Барчасп