Август 12, 2023 17:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ракетӣ ба пойгоҳи Амрико дар Сурия

Бархе манобе аз ҳамлаи ракетӣ ба пойгоҳи Амрико дар шарқи Сурия хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник, афроди ношинос бо ракет пойгоҳи артиши Амрико дар ҳавзаи гази табиӣ "Конико" дар Дайр ул Зур дар шарқи Сурияро ҳадаф қарор доданд.

Манобеи маҳаллӣ дар ин бора эълом карданд, субҳи имрӯз се фарванд мӯшак тавассути афроди ношинос ба самти низомиёни ишғолгари Амрико дар дохили пойгоҳи мазкӯр шиллик шуд ва ба аҳдофи худ исобат кард.

Тибқи ин гузориш, билофосила пас аз шунида шудани садои ин инфиҷорҳо, минтақаи атрофи пойгоҳ шоҳид омодабоши неруҳои ишғолгари амрикоӣ ва шибҳи низомиёни вафодор ба онҳо мавсӯм ба «неруҳои демократии Сурия» буд.

 

Барчасп