Сентябр 05, 2023 10:29 Asia/Dushanbe
  • Вуруди беш аз 3 миллион зоири хориҷии арбаъин ба Ироқ

Вазорати кишвар(дохила)и Ироқ аз вуруди беш аз се миллион зоири хориҷӣ барои ширкат дар маросими арбаъини ҳусайнӣ ( а ) ба ин кишвар аз ибтидои мавсими арбаъин хабар дод.

6 сентябри 2023, арбаъини шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусайн ( а )-набераи Паёмбари аъзаму ёрони бовафои ишон дар саҳрои Карбало аст ва зоирон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими арбаъини ҳусайнӣ ( а ) вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Вазорати кишвари Ироқ дар баёнияе эълом кард аз ибтидои мавсими арбаъин то кунун 3 миллиону 600 ҳазор зоири хориҷӣ вориди ин кишвар шудаанд.

 

Барчасп