Ноябр 02, 2023 18:27 Asia/Dushanbe
  • Тафсир – Идомаи сиёсатҳои як бому ду ҳавои Эрдуғон дар ҳимоят аз мардуми Ғазза

Дар идомаи сиёсатҳои як бому ду ҳавои Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар ҳимоят аз мардуми Ғазза, бомбафканҳои роҳбурдии Амрико дар пойгоҳи "Инҷирлик" дар ҷануби Туркия мустақар шудаанд.

Дар ҳамин иртибот ду фарванд бомбафкани "B - 1B " неруӯи ҳавоии артиши Амрико дар пойгоҳи низомии Инҷирлик фурӯд омадаанд. Бар асоси баёнияи артиши Амрико, ҷангандаҳои f15 Туркия ва бомбафканҳои Амрико дар як размоиши муштараки равишҳои сӯхтгирӣ бо мотори равшанро тамрин карданд.

Дар шароити феълӣ, далели аслии ҳассосияти миллатҳои минтақа ба истиқрори бомбафканҳои Амрико дар пойгоҳи Инҷрлик, ташдиди ҷиноёти низомиёни режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин аст. Ишғолгарони саҳюнист, ки ҳафтуми моҳи октябр ҳамалот ба Борикаи Ғаззаро оғоз кардаанд, дар иқдоме ҷинояткорона бо бомбаборони бемористон "Ал Маъмадонӣ"-и Ғазза беш аз як ҳазор фаластинӣ, аз ҷумла садҳо кӯдакро ба шаҳодат расонданд. Дар ин ҳамалот токунӯн беш аз ҳашт ҳазору  500 фаластинӣ шаҳид шуданд, ки аксари онҳо аз занон ва кӯдакон буданд. Ин иқдоми ваҳшиёнаи режими кӯдаккуши Исроил бо маҳкӯмияти густарда аз сӯи кишварҳои ҷаҳон ва кишварҳои мусулмон мувоҷеҳ шудааст. Аммо Амрико ва муттаҳидонаш ҳамчунон ба ҳимоят аз режими нажодпарасти Исроил идома медиҳанд.

Бадеҳист, ки истиқрори бомбафканҳои амрикоӣ, талоши дигари Амрико дар ростои ҳимоят аз режими саҳюнистӣ аст. Чунин баназар мерасад, ки мақомҳои давлати Анкара ҳатто аз ахбори марбӯт ба фурӯди бомбафканҳои амрикоиро дар пойгоҳи Инҷрлик огоҳ набуданд. Зеро Эрдуғон аз як тараф аз мардуми Ғазза ҳимоят мекунад ва аз тарафи дигар чорае надорад, магари инки ба хостаҳои давлати Амрико ва НАТО тан диҳад.

Ин сиёсати дугонаи давлатмардони Анкара мӯҷиб шудааст, ки тардиди миллатҳои минтақа ба сиёсатҳои як бому ду ҳавои давлатмардони турк беш аз пеш ташдид шавад. Дар ҷараёни ҳузури ДИИШ дар арозии Сурия ва истифодаҳои Амрико аз пойгоҳи Инҷирлик, бархе аз мақомҳои баландпояи давлати Эрдуғон, дар соли 1994 иддао мекарданд, ки пойгоҳи Инҷирлик дар устони Одоно, як макони низомии мутааллиқ ба давлату мардуми Туркия аст. Аммо фурӯди бомбафканҳои амрикоӣ дар Инҷирлик бидуни иттилои мақомҳои давлати Анкара як бори дигар ин ҳақиқатро исбот кардааст, ки давлати Туркия дар ин замина ихтиёре надорад.

Дар айни ҳол, дар замони густариши ҳузури гуруҳи такфирӣ- террористии ДИИШ дар Сурия, мақомҳои Анкара иддао мекарданд, ба шарти баровардани хостаҳои Туркия дар Сурия, Амрико иҷозаи истифода аз пойгоҳи Инҷирликро бадаст овардан аст.

Дар ҳамон замон, ки мавзӯи тааллуқи пойгоҳи Инҷирлик ба давлату мардуми Туркия матраҳ мешуд, хонум Гонол Тул, коршиноси барҷастаи масоили сиёсии Туркия ва Ховари Миёна таъкид карда буд: "бар хилофи иддаоҳои мавҷӯд дар заминаи баҷо овардани хостаҳои Туркия аз сӯи Амрико дар мавриди Сурия, Вашингтон ҳеҷ як аз хостаҳои Туркияро дар гирифтани муҷаввизи истифода аз пойгоҳи Инҷирлик адо накардааст".

Аммо ин ҳақиқати мушаххас шудааст, ки пойгоҳи Инҷирлик, дар инҳисори созмони низомии НАТО ва Амрико аст ва сирфан ба ин далел, ки дар хоки Туркия воқеъ шудааст, мақомҳои Анкара ҳар аз гоҳе дар заминаи исботи тааллуқи пойгоҳи ҳавоим Инҷирлик ба Туркия изҳороте матраҳ мекунанд.

Пойгоҳи изомии Инҷирлик дар шаҳри Одоно дар ҷануби Туркия воқеъ шудаасту ҷангандаҳои зиёде аз созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва Амрико дар ин пойгоҳи стротежӣ мустақар ҳастанд. Ин пойгоҳи муҳим дар наздикии марзҳои Туркия бо Сурия воқеъ шудааст. Дар ин шароит, бояд гуфт, истиқрори бомбафканҳои роҳбурдии Амрико дар пойгоҳи "Инҷирлик" дар ҳоле аст, ки пас аз таҳдиди шаҳрвандони Туркия мабнӣ бар тасарруфи пойгоҳи Инҷирлику консулгарии Амрико дар Одоно, давлати Амрико то иттилои баъдӣ консулгарии худ дар ин шаҳрро таътил кардааст.

Дар маҷмӯъ, бояд гуфт, сиёсатҳои дугона ва мутаоризи раисиҷумҳури Туркия перомуни ҳимоят аз мардуми мазлӯми Фаластину ҳимоят аз мардуми Ғазза дар ҷанг бо Исроил, ин ҳақиқатро исбот кардааст, ки мақомҳои Анкара ҳамчунон худро ҳомии мардуми мазлӯми Фаластин муаррифӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки дар пушти парда зимни ҳимоят аз сиёсатҳои душманони мусулмонон, ҳамчунон об ба осиёби душман мерезанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп