Декабр 24, 2023 11:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба пойгоҳи амрикоиҳо дар шарқи Сурия
    Ҳамла ба пойгоҳи амрикоиҳо дар шарқи Сурия

Расонаҳои маҳалли аз вуқуъи ҳамла зидди пойгоҳи низомиёни Амрико дар шарқи Сурия хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи Алмёдин маҳалли истиқрори ишғолгарони амрикоӣ дар пойгоҳи Алмоликия дар Рифи шимолии Алҳасака ҳадафи ҳамла қарор гирифт.

Манобеи муталеъ эълом карданд гуруҳҳои муқовимати ироқӣ бо чандин ракета ин пойгоҳро ҳадаф қарор доданд, аммо аз мизони хисорат ё талафоти эҳтимоли гузориши дар даст нест.

Муқовимати исломии Ироқ, Амрикоро масъули ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навор Ғазза медонад ва таъкид кардааст то замони идомаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, пойгоҳҳои Амрикоро мавриди ҳамла қарор хоҳад дод.

Пеш аз ин низ гуруҳи мавсум ба Муқовимати исломии Ироқ гуфта буд бо паҳпод ба пойгоҳҳои ишғолгарони амрикоӣ дар майдони нефтии Ал-улумр ва майдони гази Кунику ҳамла кардааст.

Барчасп