Декабр 31, 2023 11:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳадаф қароргирифтани ду пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Сурия
    Ҳадаф қароргирифтани ду пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Сурия

Дар идомаи ҳамалот зидди пойгоҳҳои Амрико дар хоки Ироқ ва Сурия ду пойгоҳи амрикоӣ дар Сурия шомгоҳи шанбе ҳадаф қарор гирифт.

Ба гузориши ИРНА, дар ин ҳамалот майдони газии Алкунику ҳадафи панҷ ва майдони нефтии Алумр дар устони Дайрзур дар шарқи Сурия ҳадафи ҳафт гулулаи мушаки қарор гирифта аст.

Охиринборе ки ин минтақаи ҳадафи ҳамлаи мушакӣ ва ракетии муқовимат қарор гирифт панҷшанбе 7 даймоҳ буд ки пойгоҳи низомиёни Амрико дар майдони газии Алкунику ҳадаф қарор гирифт.

Аз суи дигари манобеи ироқӣ шомгоҳи шанбе аз ҳамла ба пойгоҳи низомиёни Амрико дар минтақаи Курдистон воқеъ дар шимоли Ироқ хабар доданд.

Муқовимати исломии Ироқи душанбешаб низ эълом карда буд ки пойгоҳи ишғолгарони Амрико дар минтақаи Ҳарир дар устони Арбил воқеъ дар шимоли ин кишварро бо паҳпод ҳадаф қарор додааст.

Муқовимати исломии Ироқ ҳам бо интишори баёнияӣ таъкид кард, ки дар идомаи муқовимат дар баробари ишғолгарони амрикоӣ пойгоҳи "Ҳарир"-ро ки мақари низомиён амрикоӣ аст ҳадаф қарор додааст.

Ин ҳамалот дар ҳоли сурат мегирад ки бомдоди рузи сешанбе 26 декабр ҷангандаҳои амрикоӣ бо нақзи ҳокимияти Ироқ ба чанд мақари неруҳои ироқӣ воқеъ дар маркази устон Бобули Ироқ ҳамла карданд ва сабаби шаҳодати яке аз неруҳои созмони Ҳашду Шаъабӣ ва маҷруҳяти 18 низомии дигар шуданд.

Дар рузҳо ва ҳафтаҳои гузашта пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ ва Сурия дар чандин навбати ҳадафи ҳамалоти паҳподӣ, ракетӣ ва мушакӣ қарор гирифтаанд.

Муқовимати исломии Ироқ ба дунболи ҷиноёт ва ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистии зидди мардуми мазлуми Фаластин ба вижаи Ғазза ва ҳимояти Вашингтон аз ин ҳамалот ба Амрико ҳушдор дода буд ки пойгоҳҳои амрикоӣ дар минтақаро мавриди ҳадаф қарор хоҳад дод.

Барчасп