Феврал 23, 2024 20:17 Asia/Dushanbe
  • Яҳё Сареъ, сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман
    Яҳё Сареъ, сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман

Сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, неруҳои артиши ин кишвар як нови амрикоӣ, як киштии бритониёӣ ва мавозеи режими саҳюнистиро ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши шабакаи “Алмасира”, Яҳё Сареъ, сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман имрӯз – ҷумъа, зимни эъломи ин хабар афзуд: Дар амалиёти нахуст бо паҳподу мушак мавозеи мухталифи режими саҳюнистӣ дар минтақаи «Уммул Рашрош» дар ҷануби Фаластини ишғолӣ мавриди ҳадаф қарор гирифт.

Сареъ гуфт, неруҳои яманӣ дар амалиёти дувум дар халиҷи Адан як киштии бритониёиро бо чанд мушаки дарёӣ мавриди ҳамла қарор доданд, ки дар ҷараёни он ин киштӣ  оташ гирифт.

Сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман ҳамчунин гуфт, дар ҷараёни амалиёти сеюм низ артиши Яман як нови амрикоиро дар дарёи Сурх ҳадафи ҳамлаи чанд паҳпод қарор дод.

Изҳороти сухангӯи артиши Яман пас аз он рӯй медиҳад, ки Созмони амалиёти тиҷорати дарёии Британия бомдоди панҷшанбе аз ҳодисаи дарёии ҷадид дар наздикии Адан дар шарқи Бобулмандаб хабар дод ва ҳамзамон режими саҳюнистӣ эълом кард, ки шаҳри «Уммул Рашрош» дар Элот, дар ҷануби Фаластини ишғолӣ ҳадафи қарор гирифтааст.

 

Барчасп