Апрел 14, 2024 17:09 Asia/Dushanbe
  • Кумитаҳои муқовимату ҷунбиши муҷоҳидони Фаластин ҳамлаи мушакиву паҳподии муқтадиронаи Эрон ба Исроилро табрик гуфтанд
    Кумитаҳои муқовимату ҷунбиши муҷоҳидони Фаластин ҳамлаи мушакиву паҳподии муқтадиронаи Эрон ба Исроилро табрик гуфтанд

Кумитаҳои муқовимат ва ҷунбиши муҷоҳидони Фаластин ҳамлаи мушакиву паҳподии муқтадиронаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар посух ба ҳамлаи режими наслкуши Исроил ба бахши консулии Сафорати Эрон дар Димишқро табрик гуфтанд.

Ба гузориши Хабаргузории донишҷӯёни Эрон (Исна), Кумитаҳои муқовимати Фаластин дар баёнияе эълом кард, посухи Эрон ба ҷинояти саҳюнистҳо дар Димишқ нишон аз воқеияти ҷадиду лаҳазоти таърихии бошукӯҳе аст, ки набарди “Тӯфони Алақсо” сарманшаи он буд.

Ҷунбиши муҷоҳидони Фаластин низ бо судури баёнияе эълом кард, амалиёти “Тӯфони Алақсо” нуқтаи атфе дар таърихи уммати исломӣ ва фурсате барои раҳоии миллатҳои исломӣ аз султаи саҳюнистӣ – амрикоӣ аст.

 

Барчасп