Июн 11, 2024 14:03 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Ҳамос аз тасвиби қатъномаи Шӯрои Амният барои барқарории оташбас дар Ғазза

Қатъномаи пешниҳодии Амрико барои барқарории оташбас дар борикаи Ғазза ва озодии асирон дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид мавриди истиқболи Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин(Ҳамос) қарор гирифт.

Ин қатънома шомгоҳи душанбе бо 14 раъйи мусбат ва як раъйи бетараф (Русия) ва бидуни ҳеҷ раъй мухолифе тасвиб шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар қатъномаи 2735-и Шӯрои Амният, ки дорои ҳафт банд аст, омадааст, ки қатъномаи пешниҳодии Амрико тамоми қатъномаҳои марбута дар мавриди вазъияти минтақаи ғарби Осиё, аз ҷумла мавзӯъи Фаластинро ёдовар мешавад ва бар аҳамияти талошҳои дипломатии Миср, Қатар ва Амрико бо ҳадафи дастёбӣ ба як тавофуқи оташбаси ҷомеъ шомили се марҳила таъкид мекунад.

 Дар марҳилаи аввал бояд оташбаси фаврӣ ва комил бо озодии гаравгонҳо, бозгардондани ҷасадҳои бархе аз гаравгонҳои кушташуда, табодули асирони фаластинӣ, ақибнишинии исроилиҳо аз манотиқи пурҷамъияти борикаи Ғазза, бозгашти ғайринизомиёни фаластинӣ ба хонаҳо ва ҳамчунин тавзеъи эмин ва муассири кумакҳои башардӯстона дар миқёси бузург дар саросари навори Ғазза анҷом шавад.

 Дар марҳилаи дувуми ин қатънома бо тавофуқи тарафҳо, поёни доимии хусуматҳо дар ивази озодии ҳама гаравгонҳое, ки ҳанӯз дар борикаи Ғазза ҳастанд ва хурӯҷи комили неруҳои исроилӣ аз ин минтақа пешбинӣ шудааст.

 Шурӯъи як тарҳи бозсозии чандсолаи бузург барои борикаи Ғазза ва бозгардондани ҷасадҳои ҳамаи гаравгони кушташуда, ки ҳанӯз дар ин минтақа ҳастанд низ марҳилаи севумӣ аст, ки дар қатъномаи пешниҳодии Амрико ироа шудааст.

 

Барчасп