Октябр 20, 2020 11:22 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии Созмони ҳуқуқи башар аз ҷинояти террористҳои таҳти ҳимояти Туркия дар шимоли Ҳалаб

Созмони ҳуқуқи башар дар шаҳри Африн (Afrin) дар устони Ҳалаб, шимоли Сурия дар баёнияе аз ҷиноятҳои ҷадиди гуруҳҳои террористии вобаста ба Туркия дар шимоли ин устон парда бардошт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Созмони ҳуқуқи башар дар шаҳри Африн рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, террористҳои таҳти ҳимояти низомиёни Туркия бо ҳамла ба манозили мардум дар рустоҳои шимоли устони Ҳалаб, амволи онҳоро ғорат мекунанд.

Бар асоси эъломи ин созмон, террористҳои таҳти ҳимояти Туркия чандин хона дар рустои "Амру Ушоғӣ" дар шимоли устони Ҳалабро низ тасарруф ва аз онҳо ба унвони пойгоҳ истифода мекунанд.

Ҳамакнун манотиқе дар шимоли Сурия таҳти ишғоли артиши Туркия ва гуруҳҳои террористии таҳти ҳимояти ин кишвар қарор дорад.

Туркия яке аз ҳомиёни аслии гуруҳҳои террористӣ дар Сурия аст.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гуруҳҳои террористии мавриди ҳимояти Туркия, Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муъодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шудааст.

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп