Май 22, 2024 18:07 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ : Ҳамкориҳо ва тавофуқҳо бо давлати Ироқ идома пайдо хоҳад кард

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори Муҳаммад Шиёъ ал-Судонӣ-нахуствазири Ироқ бо қадрдонӣ аз сафараш ба Теҳрон барои ибрози ҳамдардӣ ба хотири шаҳодати Сайид Иброҳим Раисӣ, гуфтанд: Ҳамон масири ҳамкориҳо ва тавофуқҳо бо давлати Ироқ идома пайдо хоҳад кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ пеш аз зӯҳри имрӯз чаҳоршанбе дар ин дидор афзуданд ,акнун Муҳаммади Мухбир бар асоси Қонуни асосӣ масъулияти сангинеро бар ӯҳда гирифтаанд ва ин шо Аллоҳ ҳамон масири ҳамкориҳо ва тавофуқҳо бо давлати Ироқ идома пайдо хоҳад кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд, мо шахсияти барҷастаеро аз даст додем , оқои раиси ҷумҳур бародари бисёр хуб ва масъули коромад ва бокифоят ва самимӣ ва ҷиддӣ буд.

 Муҳаммад Шиёъ ал-Судонӣ-нахуствазири Ироқ низ дар ин дидор ба намояндагӣ аз давлат ва миллатм ин кишвар, зойиам даргузаштм Сайид Иброҳим Раисӣ-раис ҷумҳур ва вазири умури хориҷа Эрон ва ҳамроҳони ишонро ба ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ва миллати Эрон таслият ва таъзият гуфт.

 Муҳаммад Шиёъ ал-Судонӣ дар ин дидор хитоб ба раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфт: Дар ин шароити муттасиркунанда ба дидори ҳазрати олӣ омадам то маротиби ҳузн, андӯҳ ва таъзияти давлат ва миллати Ироқро ба давлат ва миллати Эрон эълом кунам.

Ал-Судонӣ афзуд, ончи мо аз Раисӣ, раиси ҷумҳури шаҳиди Эрон дидем чизе ҷуз сидқ, ихлос, покӣ, кор ва талош ва хидмат ба мардум набуд.

 Нахуствазири Ироқ ҳамчунин бо ишора ба ҳузури миллионҳо нафар дар маросими ташйиъи раиси ҷумҳури шаҳиди Эрон гуфт: Тасвирҳое, ки имрӯз аз телевизион дидам паёмҳои равшане дошт, ки муҳиммтарин паёми он, умқи иртиботи мустаҳками мардум Эрон бо масъулон дар Ҷумҳури исломӣ, барағми ҳама фишорҳо ва таҳримҳо ва ин ҳодисаи ногувор аст.

 Судонӣ таъкид кард: Паёми дигари ҳузури миллионии мардуми Эрон дар маросими ташйиъ ин аст, ки бояд ба мардум хидмат кард ва ин ташйиъи бошукӯҳ, натиҷаи хидмат ба мардум аст ва ин дарс бояд сарлавҳаи мо дар Ироқ низ бошад.

 

Барчасп