Май 22, 2024 21:09 Asia/Dushanbe
  • Сарпарасти раёсати ҷумҳурии Эрон : Эрон ва Тоҷикистон зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳе дар бахши тиҷорӣ ва иқтисодӣ доранд

Муҳаммади Мухбир, сарпарасти раёсати ҷумҳурии Эрон тасреҳ кард: Эрон ва Тоҷикистон зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳе ба вежа дар бахши тиҷорӣ ва иқтисодӣ барои тақвияти ҳамкорӣ доранд, ки ба рағми ин талафоти талх ва таъассуфбор бояд аз ин зарфиятҳо дар ростои афзоиши ҳар чӣ бештари равобит баҳра бурд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Муҳаммади Мухбир дар дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи маросими адои эҳтироми сарон ва мақомоти кишварҳои хориҷӣ ба раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи фақиди Эрон зимни қадрдонӣ аз ибрози ҳамдардии давлат ва миллати Тоҷикистон бо давлат ва миллати Эрон, тавсеаи равобит бо кишварҳои исломӣ, ҳамсоя ва ҳамсуро аз муҳиммтарин дастовардҳои шаҳид, оятуллоҳ Сайид Иброҳим Раисӣ баршумурд ва афзуд: Эрон ва Тоҷикистон зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳе ба вежа дар бахши тиҷорӣ ва иқтисодӣ барои тақвияти ҳамкорӣ доранд, ки барағми ин зойиаи талх бояд аз ин зарфиятҳо дар ростои иртиқои ҳар чӣ бештари равобит баҳра бурд.

 Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин дидор зимни ибрози таассуф ва таъаллуми амиқ аз ин зойиаи ғамангез гуфт: Доктор Раисӣ сиёсатмадори варзида ва қобили эътимод буд ва давлат ва миллати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ёди ӯро фаромӯш нахоҳанд кард.

 Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни тамҷид аз сиёсати минтақаии шаҳид, оятуллоҳ Раисӣ дар ҳифз ва тақвияти пояҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои исломӣ ва ҳамсоя гуфт: Тайи панҷ дидоре, ки дар ин муддат бо эшон доштам тавофуқоти ҳамкории бисёр хубе миёни ду кишвар анҷом шуд, ки умедворем бо иҷрои комили онҳо шоҳиди густариши беш аз пеши равобити ду кишвар бошем.

 Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба алоқаи шахсии худ ба раиси ҷумҳури шаҳиди Эрон тасреҳ кард: Дар ин рӯзҳои ғамангез ва талх ба Эрон омадаам то дар канори мардуми кишвар дӯст ва бародарамон бошем.

 

Барчасп