Август 30, 2022 10:02 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши талафот дар даргириҳои Бағдод ; саросари Ироқ рӯзи сешанбе таътил шуд

Ҳамзамон бо афзоиши талафоти даргириҳои Бағдод ба 20 кушта ва 300 захмӣ, давлати Ироқ низ рӯзи сешанберо дар саросари ин кишвар таътил эълом кард .

Телевизиони Ироқи бомдоди сешанбе гузориш дод, ки омори талафоти даргириҳо дар Бағдод байни иғтишошгарони садрӣ бо неруҳои амниятии ироқӣ ба 20 кушта ва беш аз 300 захмӣ расидааст .
Ба навиштаи Собирин ниюс, фармондеҳи полиси устони Аланбор низ гуфт : « Неруҳои амниятӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна хатаре,ки дар устон рух диҳад, дар ҳолати омодабош қарор гирифтаанд » .
Ҳамчунин гуфта мешавад раиси ситоди фармондеҳии полиси федероли Ироқ дар ҷараёни даргириҳо дар минтақаи сабз захмӣ шудааст .
Давлати Бағдод низ бо судӯри баёнияе эълом кард, ки саросари ин кишвар аз ҷумла тамоми идораҳо, муассисаҳо, ниҳодҳо, созмонҳову амокини умумии Ироқ рӯзи сешанбе таътил хоҳанд буд.

 

Барчасп