Раисиҷумҳӯри Озарбойҷон ба Тоҷикистон сафар мекунад
Риаисиҷумҳӯри Озарбойҷон дар чорчӯби як сафари давлатӣ ба Душанбе пойтахти Тоҷикистон сафар мекунад.
Ба гузориши Форс, Илҳом Алиев раисиҷумҳӯри Озарбойҷон дар чорчӯби як сафари давлатӣ ба Душанбе пойдахти Тоҷикистон сафар мекунад.
Бинобар эъломи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон дар чорчӯби сафари Алиев ба Тоҷикистон 4-уми апрел дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сармоягузории дукишвар баргузор мешавад.
Ҳадаф аз ин ҳамоиш ҷустуҷӯи фурсатҳои сармоягузорӣ дар ҳавзаи санъат, энержӣ, гардишгарӣ, ҳамлу нақл ва рушди содирот эълом шудааст.
Интизор меравад ҳамоиши мазкур бо мушорикати беш аз 150 ширкат кунанда аз ҳар ду тараф аз ҷумла руасо ва мақомоти масъули Вазоратхона ва ниҳодҳо, тоҷирон, сармоягузорон ва намояндагони ширкат ва корхонаҳои мухталиф фаъолиятҳои иқтисодии дукишвар барпо шавад.
Дар чорчӯби ин ҳамоиш ба ширкаткунандагони он фурсатҳои сармоягузорӣ дар заминаҳои гардишрагӣ, санъат, энержӣ, хадамот ва соири ҳавзаҳо муаррифӣ ва асноди ҷаддиди ҳамкори байни бахшҳои давлатӣ ва хусусии дукишвар ба имзо мерасад.