Май 17, 2023 09:37 Asia/Dushanbe
  • Баргузории яке аз мароҳили муқаддамотии футболи Ҷоми миллатҳои Осиё -2024 дар Тоҷикистон

Мусобиқоти футболи яке аз мароҳили муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё- 2024 (U - 23) дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Конфедератсияи футболи Осиё давлатҳоеро, ки бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футбол байни дастаҳои олимпии то 23-соларо мизбонӣ мекунанд, эълон кард.

Конфедератсияи футболи Осиё 11 давлат – Тоҷикистон, Узбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия, Урдун, Кореяи Ҷанубӣ, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Таиланд ва Ветнамро барои мизбонии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) интихоб кардааст.

Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии то 23-сола аз 4 то 12 сентябри соли 2023 баргузор мегарданд.

Қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-сола 25 май дар қароргоҳи КФО, воқеъ дар Куала-Лумпур баргузор мешавад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 44 даста ба ёздаҳ гурӯҳ тақсим мешавад. Ғолибони гурӯҳ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюмро ишғолкарда ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

 

Барчасп