Ширкати тими милии футболи ҷавонони Тоҷикистон ( зери 17 сол) дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонон CAFA-2023
(last modified Thu, 18 May 2023 05:24:46 GMT )
Май 18, 2023 10:24 Asia/Dushanbe
  • Ширкати тими милии футболи ҷавонони Тоҷикистон ( зери 17 сол) дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонон CAFA-2023
    Ширкати тими милии футболи ҷавонони Тоҷикистон ( зери 17 сол) дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонон CAFA-2023

Тими миллии футболи ҷаовнони Тоҷикистон (зери 17 Сол) дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонон CAFA-2023 ширкат мекунад.

Ба гузориши Садои Хуросон, мусобиқоти қаҳрамонии Иттиҳодияи футболи Осиёи Миёна байни тимҳои ҷавонони зери 20 сол аз 21 то 28 май дар шаҳрҳои Душанбе ва  Турсунзода баргузор мешавад.

Тими миллии футболи зери 17 соли Тоҷикистон дар ин мусобиқот ба майдо хоҳад рафт.

Барои тими миллии Тоҷикистон, мусобиқоти қаҳрамонии  CAFA-2023 яке аз охарин мароҳили омода будан барои марҳилаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 аст, ки аз 15  июн то 2 июл дар Тайланд баргузор мешавад.

Ҳарифони тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонон CAFA-2023 тимҳои Эрон, Узбекистон, Туркманистон ва Афғонистон ҳастанд.

Дар маҷмӯъ 10 дидор дар чорчӯби мусобиқоти қаҳрамонии Иттиҳдия футболи Осиёи Миёна байни тимҳои зери 20 соли ҷавонон баргузор мешавад.

Панҷ мусобиқа дар варзишгоҳи шаҳри Душанбе ва  панҷ мусобиқаи дигар дар варзишгоҳи  “TALKO-Arena”  дар шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.

 

Барчасп