Май 25, 2023 13:35 Asia/Dushanbe
  • Ширкати алюминии Тоҷикистон - ТАЛКО
    Ширкати алюминии Тоҷикистон - ТАЛКО

Бо ҳадафи пойдорӣ ва рушди саноати тавлиди алюминий, навсозии қатаоти бахшҳои 5 ва 6 –и ширкати алюминии тоҷик – ТАЛКО дар 3 марҳила иҷро шуд.

Бозсозии ТАЛКО –ро ширкатҳои чинӣ бо истифода аз охирин фанновариҳои санъатӣ ва мудирияти фарояндҳои технологӣ иҷро мекунанд.

Вуруди фанноварии пешрави ҷаҳон дар фароянди тавлид бо навсозии комили бахши панҷуму шашуми ширкати алюминии тоҷик зарфияти тавлидро то соли 2027 ба 300 ҳазор тон дар сол афзоиш хоҳад дод.

Ҳамчунин пас аз навсозии комил ва азсаргирии фаъолияти ин маҷмуаҳо, 1.5 ҳазор шуғли ҷадид эҷод хоҳад шуд.

Қимати тамомшудаи маҳсули ниҳоӣ низ ба дунболи иртиқо коҳиш меёбад. Масъулони ТАЛКО мегӯянд, фанноварии мавҷуди электролазерҳои ин ширкат, ки бештари он мутааллиқ ба солҳои гузашта аст, қадимӣ шудаву боиси аз байн рафтани алюминий ва олудагии ону афзоиши ҳазинаҳои коргарӣ мешавад.

Ширкати алюминии тоҷик ё ба ихтисор ТАЛКО дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон, бузургтарин корхонаи тавлиди алюминий дар Осиёи Марказӣ ё ҳатто дар ҷаҳон ва муҳимтарин муҷтамаи саноатии Тоҷикистон аст.

Сохти ин корхона аз 1972 оғоз ва нахустин рехтагарии алюминий дар 31 марти 1975 анҷом шуд.

 

Барчасп