Июн 14, 2023 13:55 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи як зан дар ноҳияи Дӯстӣ ба далели омӯзиши ғайриқонунии таълимоти динӣ

Як зан дар ноҳияи Дӯстӣ ба далели омӯзиши ғайриқонунии таълимоти динӣ ҷарима шуд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, додгоҳи ноҳияи Дӯстӣ ин фардро ба пардохти 680 сомонӣ ҷарима кард.

Ин зан 26 сола ва модари ду фарзанд аст.

Дар додгоҳ муайян шудааст, ки ин зан давоми 2 сол ба як духтари ноболиғ дар манзили истиқоматии худ аз китобҳои динии "Қуръон" ва "Қоидаи Бағдодӣ" таълими динӣ додааст.

Айбдоршаванда дар додгоҳ изҳор доштааст, ки ӯ намедонист, ки барои додани тадриси динӣ иҷозати махсус лозим аст.

"Мавсуф изҳор доштааст, ки айни ҳол бекор мебошад ва ягон манбаи даромад надорад. Инчунин, ду фарзанди хурдсол дорад ва аз амали кардааш пушаймон аст. Аз суд хоҳиш кардааст, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад", - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.

 

Барчасп