Август 01, 2023 17:19 Asia/Dushanbe
  • Вазири энергетикаи Тоҷикистон аз тавлиди 10.7 миллиард килават соат барқ дар 6 моҳи аввали имсол хабар дод
    Вазири энергетикаи Тоҷикистон аз тавлиди 10.7 миллиард килават соат барқ дар 6 моҳи аввали имсол хабар дод

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 10.7 миллиард килават соат барқ тавлид шуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон вазири энергетика ва манобеъи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард: Имсол бо эҳтисоби неругоҳҳои кучак беш аз 10.7 миллиард килаваст соат барқ дар Тоҷикистон тавлид шуда аст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 209.3 миллион килават соат афзоиш ва суръати рушди 103.3 дарсадиро нишон медиҳад.

Далерҷумъа афзуд: Дар ин муддат вазоратхона иқдомоти муфидеро дар робита ба мавзуъоти рушд ва таҷдидбахши энергетика ва ибтикори ҷаҳонии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳифзи об ва пиряхҳои табиъӣ ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии Тоҷикистон дар мавриди масоили об ва обуҳаво дар миқёси ҷаҳони аст анҷом дод.

Барчасп