Сентябр 10, 2023 17:48 Asia/Dushanbe
  • Табрики сарони кишварҳои хориҷӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати 32-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон, сарони кишварҳои хориҷӣ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон табрик гуфтанд.

Бино ба навиштаи сомонаи Ховар, дар паёми табрики Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Кишвари Шумо дар роҳи тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ бомуваффақият пеш рафта, дар ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши созанда мебозад.

Муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон бар пояи усулҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бунёд ёфтаанд. Ҳамкориҳои босамари дуҷониба дар бахшҳои мухталиф густариш ёфта, ҳамоҳангии талошҳо дар чаҳорчӯби ИДМ, СААД, СҲШ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба самараи хуб медиҳад.

Итминон дорам, ки рушди минбаъдаи тамоми маҷмӯи равобити Русия ва Тоҷикистон комилан ҷавобгӯи манфиатҳои мардумони дӯсти мо буда, ба таҳкими сулҳу амният ва субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.

Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифович, аз самими қалб саломатии бардавом, комёбиҳо, ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон некуаҳволӣ ва шукуфоӣ хоҳонам”.

Дар паёми табрики раисиҷумҳури Чин низ омадааст:

“Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ба муносибати 32-юмин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷоза фармоед ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро иброз намоям. Бовар дорам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи рушд ба комёбиҳои навин ноил хоҳад гардид.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ Шумо бо сафари давлатӣ ба Чин ташриф оварда, дар Нишасти сарони Чин ва Осиёи Марказӣ ширкат варзидед. Мо атрофи рушди муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои мубрами байналмилаливу минтақавӣ мулоқоти судманд ва табодули амиқи афкор анҷом дода, ба мувофиқаҳои фарогир даст ёфтем ва бунёди Ҷомеаи сарнавишти муштарак байни Чину Тоҷикистонро дар рӯҳияи дӯстии абадӣ, якдилӣ ва манфиати мутақобила эълом намудем.

Ман муносибатҳои миёни Чину Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, равобити наздики хизматӣ ва дӯстии қавии шахсиро бо Шумо қадр мекунам ва омодаам барои таъмиқи бештари ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталиф ва ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои Чину Тоҷикистон саъю кушиши муштарак ба харҷ диҳам.

Ба кишвари дӯсти Тоҷикистон шукуфоиву пешрафт, ба мардуми он саодату некуаҳволӣ хоҳонам”.

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, чунин омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Бо камоли хушҳолӣ Шумо ва тоҷикистониёнро ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманниёти беҳтарини худро ирсол менамоям.

Тоҷикистони бародар имрӯз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо, дар натиҷаи ислоҳоти мунтазаму фарогир, ки ба таъмини рушди устувор нигаронида шудаанд, ба пешравиҳои бузург ноил мегардад.

Боиси фараҳмандии мост, ки дар заминаи рушди тадриҷии иқтисодиёт, беҳбуди некуаҳволии аҳолӣ, сиёсати фаъоли хориҷӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ, обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тақвият меёбад.

Равобити наздики бародарона и муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ миёни мардумони Узбекистон ва Тоҷикистон солҳои охир ба таври бесобиқа рушд мекунанд.

Бисёр хушҳолам, ки муколамаҳои сатҳи олии мо шакли доимӣ гирифта, шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймониамон амиқ мегарданд.

Ҷаноби Олӣ!

Итминон дорам, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе мо дар доираи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал авлавиятҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаамонро мушаххас месозем.

Ба муносибати ин рӯзи фараҳбахш ва хотирмон ба Шумо, сиҳатмандии комил, саодати оилавӣ, неруи давомдор ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ, шукуфоӣ ва пешрафт орзумандам”.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикоти худ гуфтааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз номи мардуми Қазоқистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми Тоҷикистони бародарро ба муносибати Рӯзи истиқлол сидқан табрик мегӯям.

Ин санаи фархунда дар таърихи кишвари Шумо рамзи ваҳдат, озодӣ ва ватандӯстии сатҳи баланд буда, ҳамчун заминаи устувори таҳкими минбаъдаи давлатдорӣ ва соҳибистиқлолӣ хидмат мекунад.

Дастовардҳои олии Тоҷикистони муосир дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо сиёсати дурнамо ва фаъолияти созандаи Шумо пайванди ногусастанӣ доранд. Бовар дорам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии тавонманди Шумо роҳи рушду пешрафти босуботи худро идома дода, ташаббусҳои муҳим ва ислоҳоти васеъмиқёсро дар амал татбиқ хоҳад кард.

Фурсатро ғанимат шумурда, бо ғояти қаноатмандӣ ҷараёни баланди  ҳамкории Қазоқистону Тоҷикистонро, ки бо муҳтавои нав ғанӣ гашта, пурра ҷавобгӯи сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мебошад, таъкид менамоям.

Итминон дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак муносибатҳои гуногунҷанбаи Қазоқистон ва Тоҷикистон минбаъд ҳам бар манфиатҳои кишварҳо ва марлумони мо ҳамаҷониба таҳким хоҳанд ёфт.

Дар ин рӯзи ботантана ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои минбаъда, ба мардуми бародари Тоҷикистон некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям”.

Барчасп