Рутбаи охири суръати интернети Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ
(last modified Wed, 20 Sep 2023 13:29:31 GMT )
Сентябр 20, 2023 18:29 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон аз назари суръати интернет дар рутбаи 139 ҷаҳон қарор дорад
    Тоҷикистон аз назари суръати интернет дар рутбаи 139 ҷаҳон қарор дорад

Тоҷикистон аз назари суръати интернет дар миёни кишварҳои истиқлолёфта аз Шуравӣ дар рутбаи охир қарор дорад.

Ба гузориши “Азия плюс”, Тоҷикистон аз назари суръати интернет дар миёни кишварҳои истиқлолёфта аз Шуравӣ дар рутбаи охир қарор дорад.

Ин кишвар бо фосилаи зиёде аз ҳамсоягони минтақаии худ дар рутбаи 139 ҷаҳон қарор дорад.

Сареътарин интернети ҷаҳон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо 210. 89 мегабайт бар сония ва кундтарин дар Куба бо 4. 34 мегабайт бар сония аст.

Бар асоси дастуруламали раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои интерентии кишвар ҳудуди 340 истгоҳи пояро дар саросари кишвар насб кардаанду кор дар ин замина идома дорад.