Ноябр 15, 2023 10:18 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Зарфиятҳои болои Эрон манофеи иқтисодии фаровоне барои аъзои Шанхай дорад

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, зарфиятҳои болои Эрон метавонад манофеи иқтисодии фаровонеро насиби аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай кунад.

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар нишасти Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай дар Академияи мудирияти давлатии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо баёни инки Созмони Ҳамкории Шанхай аз муҳимтарин марокизи геополитикӣ, амният ва тавсеаи иқтисодии ҷаҳонӣ аст, тасреҳ кард, "таъомул ва пайвастагии ҳаддиаксарӣ" бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла кишварҳои узви Созмони Шанхай ва ҳузури муассир дар тасмимгириҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад.

Ҳақиқиён афзуд, зарфиятҳои болои Эрон дар бахшҳои мухталиф аз ҷумла энержӣ, шабакаи густардаи ҳамлу нақл ва транзит, зарфиятҳои бандарӣ дар Дарёи Хазар, Халиҷи Форс, дарёи Уммон ва Уқёнуси Ҳинд ва масирҳои транзитӣ монанди кридори ҳамлу нақли шимол – ҷануб ва масири транзитии Чобаҳор - Осиё Марказӣ метавонад дар тақвияти иртибототи минтақаӣ, таъмини амнияти ғизоӣ ва дастрасии аъзо ба бозорҳои минтақаӣ ва ҷаҳонии мавриди истифода қарор гирифта ва манофеи иқтисодии фаровонеро насиби аъзои созмон, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон кунад.

 

Барчасп