Дидори сафири Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи Озарбойҷон
Сафири Тоҷикистон дар Боку бо муовини вазири умури хориҷаи Озарбойҷон дидор ва тавсеаи равобит байни ду кишвар дар заминаҳои мухталифро баррасӣ карданд.
Ба гузориши “Форс” дар Душанбе, Илҳом Абдураҳмон, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Самир Шарифов, муовини вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон дидору гуфтугӯ кард.
Бар асоси ин гузориш, ҳадаф аз дидори дипломатҳои ду кишвар баррасии масоили вазъияти кунунӣ ва чашмандози тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақлу транзит, энержӣ, саноеъ, гардишгарӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва омӯзишӣ унвон шудааст.
Дар ин дидор ду тараф дар хусуси ҳамкориҳои мутақобил барои иҷрои пружаҳои муштарак дар тамомии заминаҳо, созмондеҳии сафарҳои мутақобил ва ҳамчунин эҷоди созукорҳои ҷадиди таомул табодули назар карданд.