Эрон-мизбони нишасти ояндаи Шӯрои коршиносони Маркази мудирияти иттилооти офатҳои табиӣ дар Осиё ва Уқёнусия
(last modified Sat, 09 Dec 2023 05:38:48 GMT )
Декабр 09, 2023 10:38 Asia/Dushanbe
  •  Эрон-мизбони нишасти ояндаи Шӯрои коршиносони Маркази мудирияти иттилооти офатҳои табиӣ дар Осиё ва Уқёнусия

Ҳаштумин нишасти Шӯрои коршиносони маркази мудирияти иттилооти офатҳои табиӣ барои Осиё ва Уқёнусия дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бо тасмими ширкаткунандагон дар ин нишаст Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони ноиб-раис ва мизбони нишасти ояндаи Шӯрои коршиносони маркази мудирияти иттилооти офатҳои табиӣ барои Осиё ва Уқёнусия дар соли 2024 муаррифӣ шуд.

 Раёсати ин нишастро Рустам Назарзода-раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бар ӯҳда дошт.

 Ҳайате аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба раёсати Довуд Манзур-муовини раиси ҷумҳур ва раиси Созмони барнома ва будҷаи Эрон дар ин нишаст ширкат карда буд.

 Манзур дар суханронии худ ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳ мардуми Ғаззаро "фоҷеъа ва балои инсонии мӯҳлик” номид ва гуфт, "мо ин ҳамлаҳоро қавиян маҳкум мекунем."

 Раиси Созмони барнома ва будҷаи Эрон афзуд,ки балоёи табиӣ марз намешиносанд ва зарурӣ аст барои муқобила бо онҳо талошҳои ҳамоҳанг ва якпорчаи минтақаӣ ба амал омада ва аз зарфияти кишварҳои мухталифи минтақа истифода кунем.

 Мақоми эронӣ муқобила бо падидаҳои мухаррибе ҳамчун тӯфонҳои гарду ғуборро ниёзманди иҷрои як барномаи иқдоми минтақаӣ тавсиф кард.

 Довуд Манзур дар ҳошия ин нишаст бо Рустам Назарзода мулоқот ва дар хусуси густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши пешгирӣ, муқобила ва ҷуброни осебҳои балоёи табиӣ гуфтугӯ ва табодул назар кард.

 Раиси Кумитаи вазъияти фавқулодаи ҷумҳурии Тоҷикистон зимни эъломи омодагии ин кишвар барои ҳамкории густурда бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, бар лузуми суръат бахшидан дар иҷроӣ шудани ёддошти тафоҳуми ҳамкории Теҳрон - Душанбе дар заминаи муқобила бо балоёи табиӣ, ки дар сафари ахири раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ба имзо расид, таъкид кард.

  

 бештар бихонед:

 

Барчасп