Декабр 09, 2023 11:18 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси марказҳои омӯзиши забони кореягӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар ҳоли барномарезӣ барои таъсиси марказҳои омӯзиши забони кореягӣ дар марказҳои омӯзиши калонсолон аст, ки бархе аз онҳо фаъол ва бархе дар дасти сохт ҳастанд.

Ба гузориши Спутник, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ин бора хабар дод ва афзуд, дар сафари ҳайате аз мақомоти кореягӣ дар Тоҷикистон ин мавзӯъ баррасӣ мешавад.

Ин манбаъ таъкид кард, ки мавзӯъи муҳоҷирати нируи кор ба кишварҳое ба ғайр аз Русия мавриди таваҷҷуҳи вежа давлат ва ин вазоратхона аст. Ҳамчунин « барои эҷоди муҷаввизи кор дар Корея талош мешавад, ки ба тоҷикҳо иҷоза медиҳад бар асоси қарордод дар ин кишвар машғули кор шаванд."

 Ҳайати Кореяи ҷанубӣ, ки шомили намояндагоне аз вазоратхонаҳои кор, додгустарӣ, умури хориҷа ва тавсеаи манобеъи инсонӣ аст, ба манзури баррасии раванди тасвиби системаи муҷаввизи кор аз сӯи Тоҷикистон, аз марокизи омӯзишии он боздид кард.

 Онҳо ба вежа бо давраи омӯзишӣ дар шӯъбаи "Маркази омӯзиши калонсолони Тоҷикистон" дар ноҳояи Данғара ва пешрафти кори сохту соз дар Маркази рушди маҳорат дар Бохтар ошно шуданд.

 Чунин марказҳое, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Роғун ва Восеъ сохта мешаванд, дар заминаҳои касбҳо ва тахассусҳои марбут ба корфармоёни хориҷӣ, аз ҷумла забони кишварҳои пазирандаи коргарон имуҳоҷир, омӯзиш хоҳанд дод.

 Барои фориғуттаҳсилон гувоҳинома содир хоҳад шуд.

 

 бештар бихонед:

 

Барчасп