Имзои санадҳои ҳамкорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон дар шонздаҳумин иҷлоси ҳамкориҳои ду кишвар
(last modified Fri, 29 Dec 2023 09:55:48 GMT )
Декабр 29, 2023 14:55 Asia/Dushanbe
  • Имзои санадҳои ҳамкорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон дар шонздаҳумин иҷлоси ҳамкориҳои ду кишвар

Ду санади ҳамкорӣ дар шонздаҳумин иҷлоси комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фаннӣ ва саноъатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзои раисони комиссияи ду кишвар расид.

Шонздаҳумин иҷлоси комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, фаннӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон 26 то 28 декабр дар шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

 Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Вазорат неруи Эрон  , оини ихтитомияи шонздаҳумин иҷлоси комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фаннӣ ва саноъатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон ба раёсати Алиакбар Меҳробиён-вазири нируи Эрон ва Далер Ҷумъа-вазири энергӣ ва захоири оби ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе- пойтахт Тоҷикистон баргузор шуд.

 Ҳамчунин дар шонздаҳумин иҷлоси комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фаннӣ ва саноъатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон баргузории давраи омӯзишӣ дар ҳавзаи об миён ду кишвар имзо ва мубодила шуд.

Аз мавзӯъоти муҳимми ин иҷлос "барқарории иртиботи электронӣ миёни ду кишвар" , "пружаи обанбор ва неругоҳи Сангтӯда 2", "пружаи тунели Истиқлол", "тарҳи сохти неругоҳи Роғун", ва "омодагии Эрон барои иҷрои проектҳои об ва барқ дар Тоҷикистон" буд, ки ба тасвиб расид.

 

Барчасп