Феврал 19, 2024 19:22 Asia/Dushanbe
  • Тими футзали Тоҷикистон бо тимҳои миллии Арабистони Саъудӣ ва Узбекистон дидорҳои дустона баргузор мекунад
    Тими футзали Тоҷикистон бо тимҳои миллии Арабистони Саъудӣ ва Узбекистон дидорҳои дустона баргузор мекунад

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар чорчуби омодагӣ барои марҳалаи ниҳои Ҷоми Миллатҳои Осиё-2024 дидорҳои дустона бо тимҳои миллии Арабистони Саъудӣ ва Узбекистон баргузор мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, тими миллии футзали Тоҷикистон аз 14 феврал то 2 март дар шаҳри Ҷаддаи урдуи тадорукоти баргузор ва ду бозии дустона бо тими миллии Арабистон баргузор мекунад.

Ин дидорҳо рузҳои 26 ва 28 феврал баргузор мешавад. Тими миллии футзали Тоҷикистони пас аз поёни тамрин дар Арабистони Саъудӣ барои анҷоми ду дидори озмоиши бо тими миллии Узбекистон 4 ва 5 март роҳи Тошканд мешавад.

Футзалистҳои Тоҷикистон дар аввали феврал дар ду дидори озмоиши бо тими миллии Кувайт 3 бар 3, 2 бар 4 ба майдон рафтанд.

Лозим ба зикр аст дар мусобиқоти Ҷоми Миллатҳои Осиё-2024 ки аз 17 то 28 апрел дар Тойланд баргузор мешавад, тими миллии Тоҷикистон дар гуруҳи “C” бо тимҳои Караи Ҷанубӣ 18 апрел, Қирғизистон 20 апрел ва Ҷопон 22 апрел бози мекунад.

Барчасп