Баррасии роҳҳои тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои омӯзишӣ , илмӣ ва навоварии байни Тоҷикистон ва Узбекистон
(last modified 2024-03-21T09:58:05+00:00 )
Март 21, 2024 14:58 Asia/Dushanbe
  • Баррасии роҳҳои тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои омӯзишӣ , илмӣ ва навоварии байни Тоҷикистон ва Узбекистон
    Баррасии роҳҳои тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои омӯзишӣ , илмӣ ва навоварии байни Тоҷикистон ва Узбекистон

Ҳамоиши руасои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар Тошканд баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз Ховар ; дар моҳи апрел , Ҳамоиши руасои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва  Узбекистон дар Тошканд баргузор мешавад .

Масаълаи мазкӯр ва  мавзӯъоти вазъияти мавҷӯд , роҳҳои тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои омӯзишӣ , илмӣ ва  навоварии байни Тоҷикистон ва  Узбекистон дар дидори Абдулҷаббор Раҳмонзода , сафири фавқулода ва  томалихтёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Қанғротабоӣ Шарифов , вазири омӯзиши олӣ ва  навоварии Ҷумҳурии Узбекистон дар Тошканди мавриди баррасӣ қарор гирифт .

Дар ин дидор масоили марбӯт ба табодули муаллим ва  донишҷӯ , баргузории конфаронсҳои илмӣ , мушорикат дар кори шӯроҳо , созмондеҳии фарояндҳои ёдгирии мутақобил , парвариши муаллимони ҳирфаӣ , муаррифии фанновариҳои диҷитол дар ҳавзаи омӯзиш мавриди баҳс қарор гирифт .

Тарафайн масоили марбӯт ба баргузории намоишгоҳи омӯзишии донишгоҳҳои Узбекистон дар Тоҷикистонро ҳамоҳанг карданд .

Барчасп