Тоҷикистон ва Чин дар заминаи заминшиносӣ ёддошти тафоҳум имзо карданд
Дар чорчӯби даҳумин солгарди таъсиси Маркази илмӣ - пажӯҳишии Созмони Ҳамкории Шанхай дар заминаи улӯми замин, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологияи назди Вазорати захираҳои табиии Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо шуд.
Ба гузориши сомонаи Ховар, ин ёддошти тафоҳум ба манзури густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва фаннии дуҷонибаи сӯдманд дар заминаи улӯми заминшиносии ду кишвар имзо шуд.
Бар асоси ин санади муҳим, иҷрои муштараки пружаҳо дар ростои таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, ҷустуҷӯи захоири ҷадид, тавсеаи илмӣ ва фаннӣ, мутолиаи татбиқии сохтори заминшиносӣ, захоири маъданӣ, таҳқиқу истифода аз фанновариҳо, абзор ва таҷҳизоти ҷадид барои иктишофоти заминшиносӣ, таҳқиқот дар заминаи гидрогеология ва заминшиносии муҳандисӣ, озмоиш ва анализи намунаҳои заминшиносӣ, табодули таҷриба ва ғайра барномарезӣ шудааст.