Баррасии тарҳи КАСА-1000 ва бозсозии нерӯгоҳи Норак дар дидори Раҳмон ва намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ
(last modified Thu, 19 Jan 2017 04:59:27 GMT )
Январ 19, 2017 09:59 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тарҳи КАСА-1000 ва бозсозии нерӯгоҳи Норак дар дидори Раҳмон ва намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ

Дар дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе, бар сари мушорикати молии ин ниҳод дар тарҳи КАСА-1000 ва бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи обии Норак баҳсу табодули назар шуд.

Ба гузориши сойти иттилорасонии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Сирил Мюллер дар ин дидор ҳамчунин мавзуи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳониро барои соли 2017 мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин дидор таъкид шуд, ки дар ҳоли ҳозир Бонки Ҷаҳонӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон тарҳҳое ба маблағи беш аз 350 миллион долларро дар дасти иҷро дорад.

Ин тарҳҳо дар бахшҳои энержӣ, кишорвазӣ, ҳимоят аз буҷаи давлат, ҳамлу нақл ва роҳсозӣ дар Тоҷикистон иҷро мешаванд.

Бонки Ҷаҳонӣ эълом кардааст, ки дар сохти бахши тоҷикистонии тарҳи КАСА-1000 ба ҳадафи интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон -Покистон ва бозсозии таҷҳизоти неругоҳи барқӣ обии Норак сармоягузорӣ хоҳад кард.

Неругоҳи барқи обии Норак ба унвони бузургтарин маркази тавлиди барқи Тоҷикистон беш аз 50 сол аст, ки фаъолият мекунад ва ниёз ба бозсозии таҷҳизоти кӯҳна шудаи худ дорад.

 

Барчасп