Феврал 26, 2017 11:07 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти бахши омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон

Ночиз будани ҳуқуқи муаллимон, камбуди фазои омӯзишӣ ва китобҳои дарсӣ, аз умдатарин мушкили бахши омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

Ба гузориши сойти Азия плюс, натоиҷи таҳқиқоти муссисаи “М-Вектор” нишон медиҳад, ки ночиз будани ҳуқуқи муаллимон, камбуди фазои омӯзишӣ ва китобҳои дарсӣ, аз умдатарин мушкили бахши омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон мебошад.

Қосим Осимзода, масъули идораи омӯзиш ва парвариши вилояти Суғд, мегӯяд, ки дар шаҳри Хуҷанд дар ҳоли ҳозир 50 мактаби давлатӣ фаъолият мекунад, ки танҳо зарфияти гунҷоиши 50 дарсад аз донишомӯзонро дорад. Дар аксар аз мактабҳои шаҳри Душанбе донишомӯзон дар навбати субҳ ва аср барои таҳисили улум меоянд, ки дар бархе аз синфхонаҳо теъдоди онон ба 40 нафар мерасад.

Дар минтақаи Кӯлоб бар асоси ин гузориш, камбуди беш аз 4 ҳазору 300 миз ва 8 ҳазору 584 курсӣ барои донишомӯзон мушоҳида мешавад. Ҳарчанд, ки бар асоси гузориши мақомоти ҳукуматӣ дар соли 2016, дар Тоҷикистон беш аз 201 мактаби ҷидид барои 39 ҳазор донишомӯз сохта шудааст, бо суръати феълии афзоиши ҷамъияти ин кишвар, ин барнома посухгӯи ниёзи бахши омӯзиш ва парвариши ин ҷумҳурӣ нест.

Ҳамчунин поён будани ҳуқуқи муаллимоне, ки аз авомили таъсиргузор бар раванди омӯзиш мебошад, ки донишомӯхтагони донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳастанд,  тамоюле барои тадрис дар мактабҳои давлатӣ дар ин кишвар надошта бошанд ва рафтан ба Русия ба манзури пайдо кардани шуғли муносибро бар омӯзгорӣ тареҷ медиҳанд.

Барчасп