Кашф ва мусодираи 100 килограм маводи мухаддир дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 17 Apr 2017 05:27:08 GMT )
Апрел 17, 2017 10:27 Asia/Dushanbe
  • Кашф ва мусодираи 100 килограм маводи мухаддир дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз кашфу мусодираи 100 килограм маводи мухаддир, аз аъзои як гурӯҳ дар ноҳияи Истаравшан ва шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд хабар дод.

Ба гузориши сойти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, 66 килограмм аз ин мавод аз Баҳром Сиёҳов-сокини 44 солаи шаҳри Душанбе дар ноҳияи Истаравшан дар қаламрави вилояти Суғд, 15 килограмм ҳашиш аз Бобокалон Набиев-сокини шаҳри Душанбе ва 20 килограм ҳашиш аз Ҳурмат Исоев- сокини шаҳри Кӯлоб ва Маҳфузуллоҳ Ҳабибуллоҳ-шаҳрванди Афғонистон дар шаҳри Хуҷанд кашфу забт шудааст.

Бар асоси ин гузориш, амалиёти вижаи кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе оғоз ва бо боздошти аъзои ин гурӯҳ дар ноҳияи Истаравшан ва шаҳри Хуҷанд ба поён расидааст.

Ин гурӯҳ қасд дошт, ин миқдор маводи мухаддирро аз тариқи қаламрави Қирғизистон ва Қазоқистон ба Русия мунтақил кунад.

Ба гуфтаи мақомоти ин вазорат, Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои қочоқи маводи мухаддир аз сӯи гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ, аз 12 то 20 сол зиндонро дар пай хоҳад дошт.

Ин дар ҳоле аст, ки марзбонони Тоҷикистон аз оғози имсол 2017, аз интиқоли 340 килограм маводи мухаддир аз Афғонистон ба дохили ин кишвар ҷилавгирӣ карданд.

Ҳамчунин дар ин амалиёт панҷ шаҳрванди Афғонистон боздошт шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон низ дар се моҳи гузашта ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд.

Гуфтани аст, бахше аз маводи мухаддире, ки дар Афғонистон тавлид мешавад, аз марзи ҳазору 400 километрии ин кишвар бо Тоҷикистон бо истифода аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба Русия ва аз онҷо ба Аврупо мунтақил мешавад.